Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Нуробод ташриф оварданд

28 просмотров
admin
admin
25 Jun 2019
58

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Нуробод ташриф оварданд.

Сокинони касбу кори гуногун, собиқадорон, фаъолон ва шумораи зиёди ҷавонони ин ноҳияи дурдасти мамлакат Сарвари давлатро гарму самимӣ ва бо муҳаббати беандоза пазироӣ намуданд.

Нахуст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии навбунёди деҳаи Холибеки деҳоти Хумдон, ки идона ороста шуда буд, бо дастовардҳои меҳнатии мардуми ин ноҳияи хушманзара шинос шуданд. Ба хотири ташрифи меҳмони олиқадр дар ин ҷо намоишгоҳи бузургу доманадор ташкил карда шуд.

Дар намоишгоҳ сокинони ноҳия дастранҷи хеш, аз қабили маҳсулоти нонӣ, намунаи кандакорию оҳангарӣ, ҳосили зироати кишоварзӣ, гулу гиёҳҳои табиии шифобахш ва ғайраро, ки бо меҳнати ҳалол ва заҳмати зиёд ба даст овардаанд ба маъраз гузоштанд.

Дар гӯшаи нонҳои миллӣ занону бонувони ҳунарманд бехтани орд, хамиркунӣ ва тарзи омода намудани номгӯи гуногуни нонҳои миллӣ, аз қабили чаппотӣ, гирдача, кулчаи нақшин, кулчаи нурободӣ, ки хоси мардуми ин минтақаи мамлакат буда, шуҳрати зиёдро касб намудааст, намоиш доданд.

Дар ин ҷо барои омода намудани ҳар як намуд нони миллӣ бо усули аҷдодӣ танури алоҳида насб гардида, инчунин дар дигар қисмат маҳсулоти нонӣ ба намоиш гузошта шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунари нонпазии занону бонувони ноҳияи Нуробод баҳои баланд дода, ба онҳо ҷиҳати ҳифзи ин мероси қадима ва боз ҳам рушд бахшидани он, инчунин ҷалби ҷавондухтарон барои аз худ кардани нозукиҳои маҳорати нонпазӣ маслиҳатҳои муфид доданд.

Мавриди зикр аст, ки мардуми ноҳияи Нуробод, хоса занону бонувони он аз қадим бо ҳунари нонпазӣ машҳуранд ва нонҳои омоданамудаи онҳо аз лиҳозу тамъу мазза беназир мебошанд.

Дар гӯшаи дигари намоишгоҳ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хӯрокҳои миллӣ, аз ҷумла оши бурида, кашк, далда, умочи ба дуғ, қурутоб, фатирмаска ва ғайра намоиш дода шуданд.

Тавре иттилоъ доданд, дар ноҳияи Нуробод намудҳои зиёди хӯрокҳои миллӣ, ки хоси мардуми тамаддунофар ва қуҳанбунёди тоҷик мебошанд, ҳифз гардидаанд ва дар ҳар хонадон пухта мешаванд. Ҳамчунин дар ин ҷо шириниву кулчақандҳои гуногун ва номгӯи зиёди маҳсулоти ширӣ ба маъраз гузошта шуданд. Ҳамаи ин маҳсулот дар коргоҳҳои ноҳия ва инчунин аз ҷониби сокинони маҳаллӣ омода карда мешаванд.

Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат маҳсули дасти чеварони ноҳияи Нурободро тамошо намуда, ҳунару маҳорати дӯзандагию бофандагии занону духтарони соҳибистеъдод ва чирадасти маҳаллиро намунаи олии кордонию лаёқатмандии миллати қадимаи тоҷик арзёбӣ карданд. Дар гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ, ки қисми асосӣ ва бештари намоишгоҳро дар бар мегирифт, ҳамчунин номгӯи зиёди дигар намуди маҳсулоти дастӣ, аз қабили чубкорию оҳангарӣ ва ғайра намоиш дода шуд. Кандакорию оҳангарӣ, ки аз ҳунарҳои хеле қадимаи миллати мо ба шумор мераванд дар ноҳияи Нуробод эҳё ва ба таври густурда рушд намудааст. Созҳои гуногуни мусиқӣ, лавозимоти рӯзгор ва маҳсули оҳангарон, бозгӯйи фарҳанги бою пурғановати тоҷикон мебошанд.

Категория Новости и политика

Показать больше
0 Комментарии sort Упорядочить

Следующее